Мувофиқи ахбороти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва адабии асрҳои X-XI, тазкираҳои асрҳои миёна, ки дар бораи ҳаёту фаъолияти Ибни Сино маълумот медиҳанд, инчунин ковишҳои навин, ки дар замони Шӯроӣ дар бораи чеҳраҳои мондагори адабии классикӣ сурат гирифта буданд, махсусан тадқиқотҳои Садриддин Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода ва дигарон, дар замони имрӯзӣ дар даврони Истиқлолият бошад асари мондагори Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор” соли таваллуди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯали Ибни Синоро соли 980 муқаррар карда шудааст.

Адабиётшиноси варзида, Шарифҷон Ҳусейнзода дар мақолаи худ, ки бо номи “Сурат ва сирати Сино” чоп гардонида буд, хулосаҳои илмии худро вобаста ба ҳаёту фаъолияти Ибни Сино, чунин баён намуда буд: Абуалӣ ибни Сино дар соли 980 дар деҳаи “Афшана” (Обшана) – и ноҳияи Хурмейсан” (Ҳурметан) дар як лаҳзаи босаодат аз Ситорабонуи некӯном ба дунё омад. Дар сини панҷсолагиаш волидон ба Бухоро кӯчиданд ва ӯро назди таълимдиҳандаи улуми адабӣ ва “Қуръон” барои омӯхтан гузоштанд. Омӯзиши илмҳои мазкур ва ҳифзи он дар он синн дигаронро дар ҳайрат гузошт. Сипас ба муаллиме раҳнамоӣ карданд, ки ҳисоб ва ҳандаса омӯзад, баъд дар ҳавзаи фақеҳи номдори Бухоро Исмоили Зоҳид роҳ ёфта, аз беҳтарин ҷӯяндагони ин роҳ шуд ва худро барои ҳар як роҳи боз ҳам тӯлонитар омода медид. Ғайр аз ин фиқҳ забон ва адаби араб омӯхт, шавқ ва алоқае, ки дар ин кор дошт, вайро хеле зуд қудрат бахшид, ки он чиро меандешид, ба арабӣ навишта ва баён мекардагӣ шуд. Аз Абуабдуллоҳи Нотилӣ фалсафа, мантиқ таълим гирифт. Илми таббро хуб омӯхт. Як вижагиии сиришти инсонии Ибни Сино, ки боиси донишманди улуми замон шинохтанаш гардида буд он буд, ки орзуе дошт ҳама чизро бидонад, шавқи донишҷӯӣ ба тамоми вуҷудаш ғалаба дошт, ба ҳар илме алоқа меварзид, ҳар дареро ба умеди он ки шояд ягон чизе омӯзад мекӯбид, гӯё табъи ноорми вай ба чизҳои осон қонеъ намешуд ва доим ба чизҳои душвор майле мекард. Зеро вай ба пайғоми таърихӣ қоил буд. Аз ин рӯ ҳамаи орзу ва ҳавасҳои ҷавониро бо ҳама лаззатҳояш ба яксу ниҳода сарват ва ғайрати ҷавонӣ ва нақди ҳаёти худро нисор ва фидои илму дониш карда буд. Ӯ бо худ паймон кард, ки ҳар чизе ки “Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал”, хоҳ ҳақиқат ва хоҳ афсона аст, бо иродаи устувор омӯзад.

Шабҳо, рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳо аз пайи ҳам мегузаштанд, Ибни Сино ҳамоно ба омӯзиш машғул буд. Ӯ дигар худро фидои ҳамин роҳ кард, ба зиндагӣ ва осоиш эътиное надошт. Бо мақсади тақвияти суханони боло метавон аз китоби академик Бобоҷон Ғафуров аснод овард, ки фармудааст: “Вай (Ибни Сино) маълумоти нисбатан ба он замон ниҳоят васеъ ҳосил намуда, чунон ки худ мегӯяд, ҳанӯз дар синни ҳаждаҳсолагӣ ҳамаи илмҳои замона, аз ҷумла, тиббро омӯхта буд. Махсусан, омӯхтани адабиёти доир ба риштаҳои мухталифи илму фан дар китобхонаи машҳури Сомониён, ки ба туфайли муолиҷа намудани Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба он ҷо роҳ ёфта, аксарияти вақти худро ба мутолиаи китобҳои он сарф мекард”. Муаррихи варзидаи тоҷик – Бобоҷон Ғафуров, фикрҳоияшро асоснок намуда, доир ба фаъолияти пурсамари илмии Абуалӣ ибни Сино ва шуҳрати ҷаҳонии таълифоти доманадори ӯ андешаҳояшро дар асоси осори таърихӣ чунин баён дошта, “Китобу-ш-шифо” – ро асари энсиклопедии (донишномавӣ) улуми мантиқ, табиатшиносӣ, метафизика ва риёзӣ номидааст: “Асари энсиклопедии Ибни Сино “Китобу-ш-шифо”, ки дар хусуси мантиқ, табиатшиносӣ, метафизика ва риёзиёт баҳс менамояд ва “Донишнома”, ки ба забони тоҷикӣ навишта шуда, масъалаҳои оид ба мантиқ, илми табиат, фалсафа, риёзиёт ва нуқумро дар бар мегирад, дар қатори “ал-Қонун” ва дигар асарҳои ӯ, аз беҳтприн ёдгориҳои афкори пешқадами асримиёнагии қарнҳои ба шумор X-XI меравад”.

Натиҷаи ҳамин истеъдоду, кӯшишу заҳамоту омӯхтанҳои беғаразона буд, ки дере нагузашта Ибно Сино, ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик шуҳрати ҷаҳониро ҳанӯз замони дар ҳаёт буданаш касб намуд, ва осори илмии ӯ мавриди амали ҷаҳониён қарор гирифт. Дар мамолики дунё ӯро бо унвонҳо ва лақабҳои фахрӣ аз ҷумла Шарқ бо унвони “Шайхурраис” дар мамлакатҳои Араб бо лақаби “Амир – ул – табъ” ва дар Аврупо ба унвони “Авитсена” мешиносанд ва ӯро аз шумори дурахшонтарин ситораҳои фазои тамаддуни умумиҷаҳонӣ маҳсуб менамоянд. У на фақат ба ҳайси дурахшонтарин донишманд, азимтарин файласуф ва мутафаккрир забардаст, мумтозтарин ҳакиму табиб, балки ҳамчун тавонотарин равоншинос, риёзидон, беҳтарин омӯзгори мантиқ, назарияпардози беҳамтои ирфон ва тасаввуф, мусиқидони асил, ситорашинос ва ниҳоят шоир ва қаламкаши ҳунарманд шинохта шудааст. Ин шахсияти нотакрор дар давоми панҷоҳу ҳашт соли зиндагиаш, зиндагии бесукуне, ки аксаран басе ноҳамвор, пурвоқеа ва бо зиндонӣ шудану саргардониҳо вале бо ғуруру таслимнопазирӣ гузаштааст. Дар соҳаҳои гуногуни дониш тавонистааст ба теъдоди 120 ҷилд китоб таълиф намояд. Собит шудааст, ки дар тамоми ин китобҳо андешаҳоияш олимона, ҳақиқатҷӯёна, муассир, нирӯманд, маъқул зебо ва ҷуръатмандона баён шудааст. У дар китоби худ “Ал – қонун – фит – тиб ба наҳви камол муҳтавои тамоми тибби асрҳои Миёнаи Шарқро матраҳ сохта, натиҷаҳои ин илми бостониро ҷамъбаст ва бисёре аз дастовардҳои пизишкии асрҳои баъдиро пешбинӣ ва муайян намудааст. . Беҳуда нест, ки эҷодиёти доманадори ин абармард ҳанӯз ҳануз дар қайди ҳаёт буданаш донишмандони машҳури Шарқро ба ҳайрат оварда буд. Асарҳои илмии ӯ баъдтар тамоми мамлакатҳои ғарбро низ тасхир кард. Ва китоби “Ал – қонун – фит – тиб” – и Ӯ муддати шашсад сол китоби рӯимизии табибони Осиё ва Урупоро ташкил медод. Ва то охири асри 17 ба сифати китоби асосии дарсӣ дар тибби аврупо ҳукумат меронд.

Ба замми ин ҳама истеъдоду қобилияти илмии фавқулода ва ақлу заковати ҳайратангез, Абуалӣ Ибни Сино ба маънои пуррааш инсони комиле буд, ки бо раиятпарварӣ ва адолатпешагӣ ном бароварда буд. Ҳеҷ гуна такаббури ва худситоиро намедонист, балки табиатан шахси мутавозеъ, хоксор, бо нангу номус, боҳайё, муаддаб ва марди саховатманду ҳимматбаланде буд, ки ҳар чи бештар мутолиа мекард, ба печидагиҳои масоили илмӣ, ва маҳдудиятҳои яъсоварӣ ақли одамӣ зиёдтар пай мебурд. Яқинан ба эътибори ин хислатҳои ҳамида ва шарофати ақлу заковати оламгираш, ки ҳамватанону ҳаммилатонаш обрӯю эътибори Шайхурраисро арҷ гузоштаанд, шахсияташро бузург доштааанд ва дар бораи рӯзгор ва фаъолиятҳои чашмгири ҳамаҷонибааш нақлу ривоятҳои рангину хотирнишн гуфтаанд, ки далолат аз бузургии ин кохи илму маънавиёт аст. Қариб илме маъмули замоне набуд, ки онро наомӯхта ва андешаҳояро роҷеъ ба он баён нанамуда бошад. Дар самти варзиш ва бозиҳои варзишӣ низ андешаҳои ҷолиби худро дар бораи ду навъи гӯштин дар китоби “Ал – Қонун”зикр сохтааст.

Бузургии дигари Ибни Сино аз он иборат буд, ки дар асре, ки он зиндагӣ менамуд, яъне ҳазору чанд сол муқаддам ба мисли имрӯз дастгоҳи мушаххаси тиббӣ ихтироъ нагардида буданд. Дар таълифоти худашон дар китоби “Қонуни тибб” ишора ба ягон дастгоҳ намекунанд. Ду кас дар ин ҷо ҳаст: бемор ва табиб. Ҳамаи хулосабарории Абуалӣ Ибни Сино, дар замонашон дар заминаи ҳар чизеро ки ба чашм медиданд дар зоҳири бемор: ранги пуст, сафедии чашм, варами ангушу буғумҳо, тарзи нафаскашӣ, дамкутоҳӣ дардро ёфта сараввал бо роҳи сӯҳбати ҷоннавоз баъд бо доруву дармони омода кардааш онро табобат менамуданд.

Хизматҳои шоистаи Ибни Синоро дар даврони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу Ваҳати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ намуда, “Ҷойизаи байналмилалии Ибни Сино” – ро барои кормандони соҳаи тандурустӣ таъсис дод, ки ин аз бузургии Певои миллат шаҳодат дода, масали “Бузургонро бузургон зинда медоранд” ба ёд меоварад.

ФАЗЛИДДИН АБДУЛЛОЕВ, муовини декани

факултети варзиш оид ба тарбия, Донишкадаи

тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *