
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишкада ва дар ин доира тибқи барномаи тарҳрезинамудаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Донишкада ба ифтихори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар муассиса тадбири муҳиму судманд- ҳамоиши устодони собиқадор ва аввалин хатмкунандагони Днишкада доир гардид.
Дар ҳамоиш аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат – устодони собиқадори Донишкада ва дар ин баробар бештар аз дувоздаҳ нафар аввалин хатмкунандагони Донишкада, – дар соли 1973 Сулаймон Абдувоҳидов, Искандар Талбаков, Мансур Ғаффоров, Миралӣ Сафаралиев, Наим Ҷӯраев, Саидаҳмад Гулмаҳмадов, Акбарҷон Додоҷонов, Сафар Муминов, Зафар Сафаров, Қутбиддин Ширинов, Сафархуҷа Содиқов, Шамсалӣ Маҳмадалиев иштирок намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш сараввал ректори Донишкада Амир Иброҳимзода аввалин хатмкунандагони Днишкадаро истиқболу бо онҳо сӯҳбат намуданд.
Сипас, дар толори муассиса ҳамоиш бо ширкати раёсат, доираи васеи устодони собиқадор ва аввалин хатмкунандагони Донишкада доир гардид.
Ректори Донишкада Амир Иброҳимзода аз саҳми Донишкада шурӯъ аз оғози фаъолияташ дар омодасозии мутахассисон сухан ронда, аз ҷумла зикр сохтанд, ки ташрифи аввалин хатмкунандагони Донишкада, бо гузашти 53 сол пас аз хатм хизматҳояшон дар ҷумҳурӣ бесобиқа аст, имрӯз барои аҳли Донишкада рӯйдоди муҳим буда, тадбири мазкур, ки Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Донишкада роҳандозӣ намудааст, анъанаи неку иқдоми муҳим маҳсуб меёбад. Дар ин баробар ректори Донишкада Амир Иброҳимзода дар мавриди дастоварду навгониҳои Донишкада дар 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки аз файзи истиқлолу роҳнамоиву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳо дастовардҳои Донишкада дар ин солҳо ба маротиб афзун гардиданд.
Сипас, дастпарвари Донишкада, собиқ раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Абдувоҳидов дар мавриди таърихи таъсису марҳилаҳои аввали фаъолияти Донишкада, нақши Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар омодасозии мутахассисон ва ҳамзамон аз марҳилаҳои рушди инкишофи варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд. Инчунин, меҳмонон – аввалин хатмкунандагони Донишкада – Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Сафаралиев, мураббии дараҷаи олӣ оид ба футбол Акбарҷон Додоҷонов, мураббии собиқадори риштаи гимнастикаи Мансур Ғаффоров, мураббии собиқадори риштаи волейбол Зафар Сафаров, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳмад Гулмаҳмадов ва дигар хатмкунандагон таассуротҳои худро аз даврони донишҷӯӣ ва дар ин зимн аз солҳои аввали фаъолияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, навгониву рӯйдодҳои тайи ин солҳо дар Донишкада ба вуқуъпайваста ёдовар шуда, иннатдории худро барои ташкили чунин як мулоқоти судманд ба раёсати Донишкада баён намуданд.
Устоди собиқадори Донишкада Ҳақназар Бедимоғов, ки сарпарастии хатмкунандагонро он солҳо ба зимма доштанд, иқдоми роҳандозишударо муҳиму муфид таъкид намуданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Донишкада Мирзобоқӣ Шарипов зикр сохтанд, ки бо дастгирии раёсати Донишкада минбаъд низ чунин тадбирҳо бо даъвати дастпарварони Донишкада ташкилу доир карда мешаванд.
Ректори Донишкада Амир Иброҳимзода дар қисмати ҷамъбасти ҳамоиш зикр сохтанд, ки таҷрибавӣ собиқа ва фаъолияти дастпарварони собиқи Донишкада барои насли имрӯз- донишҷӯёни кунунӣ як мактаби арзишманди пайравӣ маҳсуб ёфта, минбаъд низ мулоқоту вохӯриҳо бо хатмкунандагон иашкилуу ба роҳ монда мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 1971 дар заминаи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Шевченко(имрӯза Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Айнӣ) Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таъсису ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар ҳамоиши имрӯза аз аввалин хатмкунандагони Донишкада даъват гардиданд ва тавре зимни ҳамоиш аён гашт, имрӯз қисмати бештари аввалин хатмкунандагони Донишкада дар қайди ҳаёт давлатӣ пирӣ меронанд(синнашон аз 75 – 80 боло) ва аксарияташон ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва мураббӣ солҳои бардавом фаъолияти босамар анҷом додаанд.