Маълум аст, ки масъалаи танифоти илм аз қадимулайём диққати олимону донишмандонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳанӯз Арасту дар замони худ илмҳоро ба назарию амалӣ ва эҷодӣ тасниф намуда, ҳар кадоми онҳоро ба шоҳаҳои гуногун тақсим намуда буд. Олимону файласуфони дигар ҳам аз таснифот то тақсимот ва муайян намудани мавқеи ин ё он илм андешаву ақидаҳои гуногун пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, Сино низ мавзӯи илмҳоро ба ду қисм тақсим намудааст: якум, мавзӯи, ки марбути инсон аст, монанди рафтору кирдор ва ғ. Дуввум мавзӯе, ки қоим ба ғайри инсон баҳс мекунад, ҳикмати амалист, чун ки дар ҷомеа аз ҷумла сиёсат, ахлоқ, чӣ гуна вазифа доштани инсонро муайян мекунад. Ӯ илмҳои замонашро ҳаматарафа таҳлил намуда, ба ғайр аз шақлҳои назариявӣ ва амалӣ боз ба равияҳои гуногун тақсим менамояд.

Ҳамин тавр вақте ки кас ба илму фарҳанги башарият назар меафканад пеш аз ҳама нақши ин ё он миллатро дар инкишофу пешрафти ҷомеа ба пуррагӣ эҳсос менамояд. Тоҷикон низ чун дигар миллатҳои кӯҳанбунёд дар тӯли таърихи башарият дар пешрафти илмҳои фалсафа, риёзиёт, тиб, адабиёт, санъат, таърих, нуҷум, мусиқӣ нақши босазое гузоштаанд. Дар ин бобат хизматҳои фарзанди фарзонаи тоҷик Сино басе бузург аст.

Бузургтарин асари ӯ “Қонуни тиб”, ки аз панҷ китоби донишномаи тиббӣ иборат мебошад, ӯро машҳури дунё гардонидааст.

Китоби аввал дар бораи назарияи тиб буда, аз чор қисм иборат мебошад: пешгуфтор, анатомия ва физиология, таълимот дар бораи сабабҳои беморӣ ва худи бемориҳо; таълимот дар бораи ғизо ва тарзи ҳаёт (диетаи умумӣ), пешгирӣ намудан аз бемориҳо (профилактика) ва муолиҷаи бемориҳо (терапеяи умумӣ).

Китоби дуввум аз ду қисм иборат буда, таълимот дар бораи маводҳои давоии оддӣ ва шаклҳои истифодаи онҳоро дар бар мегирад.

Дар китоби саввум масъалаҳои бемориҳои ҷудогона ва тарзи муолиҷаи онҳо, дар китоби чаҳорум масъалаҳои муайян намудани маводҳои давоии мураккаб шарҳу эзоҳ дода мешавад.

Сино ин асари бузурги энсиклопедиро солҳои тӯлонӣ навишта, дар соли 1020-ум ба итмом расонид. “Қонуни тиб” бо забони арабӣ навишта шуда, аввалин маротиба дар асри XII бо забони лотинӣ баргардонида шудааст. Баъди пайдо шудани дастгоҳи китобчопкунӣ соли 1473 ин асари бамисл бо нашрҳои ҷудогона дастраси оламиён мегардад. Танҳо 30 сол баъди ин “Қонуни тиб” зиёда аз 16 маротиба бо забони лотинӣ интишор ёфтааст.

Мероси Сино барои пешрафти таълиму тарбияи ҷисмонӣ ва соҳаи варзиш сарчашмаи муътамади илмию назариявии гаронбаҳое мебошад. Андешаҳои педагогии барои ҳаматарафа инкишоф ёфтан аз синну соли кӯдаки ҷолиби таҳлилу таҳниятанд. Ба ақидаи ӯ кӯдаконро бояд то синни 6 солагӣ оббозӣ доранд ва бештар ба бозӣ машғул намоянд. “Ҳар гоҳ соли вай ба шаш бирасад, бояд ӯро ба назди омӯзгори адаб ва омӯзгори илм бибаранд. Ин кор низ бояд ба тадриҷ бошад ва андар дабистон нишастанро ба як бор ба вай ҳамл накунанд. Синни бачаҳо чун ба ин ҷо расид, аз шустушӯи эшон бикоҳанд ва варзиши эшонро пеш аз таом биафзоянд”. Ӯ ҳаракатҳои ҷисмониро барои кӯдакон ба таври бозӣ ё ин ки бо кӯмаки дигарон асоси инкишофу пешравии саломатӣ баррасӣ намуда, чунин мешуморад, ки то расидан ба синни чаҳордаҳсолагӣ равиши тадбири онҳо бояд ҳамин гуна бошад. Пайдост, ки коста шудани рутубатҳо ва хушкидану сахт шудани ҳаррӯзӣ хусусияти зотии (тани) эшон аст, бинобар он варзиши эшонро тадриҷан бикоҳанд. Аз миёни синни кӯдакӣ то синни рушд аз варзиши сахт бипарҳезанд ва ба эътидол варзиш кунанд”. Дар баёни тадбири муштарак миёни болиғон пешниҳод менамояд, ки “…. бештари тадбири нигоҳдории тандурустӣ варзиш кардан, сипас тадбири ғизо ва аз паси он тадбири хоб аст”.

Бояд гуфт, ки дар баробари ҳидматҳои умумӣ дар соҳаҳои гуногуни тиб, педагогика, мантиқ, риёзиёт ва ғ. Синоро метавон асосгузори илми варзиш ва тибби варзиш номид. Ҳамин тавр, ӯ нахустин мутафаккирест, ки таърифи машқҳои ҷисмониро илман ба оламиён пешниҳод намудааст. Аҳмият ва мавзӯи машқҳои ҷисмониро ҳаматарафа таҳлил намуда, аввалин қоидаи илмиро бо чунин мазмун пешниҳод менамояд: “Варзиш ҳаракати иродиест, ки ба зарурият боиси сахт ва думодум нафас гирифтан бигардад.

Ҳар ки мувофиқ шавад то тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба эътидол ва андар вақти худ ба кор барад, аз ҳар гуна мулоиҷае бениёз ҳоҳад шуд, ки ба тақозои бемориҳои моддӣ ва бемориҳои мизоҷии аз паси онҳо оянда лозим гардад. Ин (тавфиқ) ҳангоме ҳоҳад буд, ки дигар тадбирҳояш созгор ва дуруст бошанд”.

Аз ин бармеояд, ки Сино ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён дар қатори дигар илмҳо ба таълиму тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷӯҳи хосае зоҳир намудааст. Ӯ дар “Қонуни тиб” мазмуни моҳияти машқҳои ҷисмонӣ ва варзишро мавриди таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки : “Варзиш баробари он гармии модарзодиро афрӯзад ва танро сабукӣ шудан боз дорад ва ин бад-он сабаб бошад, ки (варзиш) гармии латифе афрӯхта, он миқдор фазлаеро, ки ҳар рӯз ҷамъ гардад, ба таҳлил бибарад ва ҳаракат андар фуруд омадан ва рӯ ба баромадгоҳҳо ниҳодани (фазлаҳо) ёрӣ диҳад ва саранҷом бо гузаштани рӯзгоре ва он қадар фазлае ҷамъ шавад, ки битавон ва эътибор гирифт”. Маълум аст, ки завқ ва табъи баланди илмии Ибни Сино ҳаматарафа инкишоф ёфта буд ва фаҳмиши ӯ на танҳо барои илмҳои замонаш, балки барои машқҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳам асосҳои илмии устовор дошт. Гумон меравад, ки ягон соҳаи муҳими илм нест, ки дар тадқиқотҳои ӯ акс наёфта бошад. Аксарияти олимону муҳақиқони соҳаи синошиносӣ қариб, ки бештари илмҳои омӯхтаи ӯро мавриди таҳлил қарор додаанд. Лекин, муттаассифона то имрӯз таҳқиқоти илмие дар бораи масъалаҳои машқҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши на аз тарафи олимони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва на аз тарафи олимони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ анҷом наёфтаанд. Ҳоло он, ки имрӯз моҳият ва мавқеи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз рӯи таҳқиқоти Сино падидаи таҳқиқталаб буда, барои пешравии илми варзиш сарчашмаи пурифтихоре шуда метавонад. Хусусан кашфиётҳои ӯ дар соҳаи машқҳои ҷисмонӣ ва тибби варзиш то ҳол аҳамияти бузурги илмию амалии хешро гум накардаанд.

Таълимоти варзишии Сино масъалаҳои фалсафаи варзиш, оғозу анҷом ва андозаю тартиби онро дар бар мегирад.

Мутафаккир, ҷисми инсонро дар таъғйиру табдил ва вобастагии пурра бо омилҳои гуногуни физиологӣ ва таъсири муҳит ва шароити беруна обу ҳаво, реҷаи хӯрок ва тарбияи баданро бештар ҳамвора ба ақидаҳои диалектикии хеш баён намудааст. Дар низоми фалсафаи ӯ таҳлили шаклҳои ҳаракат, замон ва макон ҷои намоёнро ишғол менамояд. Ӯ менависад, ки: “Анвоъи ҳаракат аз қабили ҳаракат ҳангоми роҳгардӣ, ҳангоми риёзати бадан, ҳангоми роҳгардӣ мо рисолаи мустақиме бо шарҳаш иншо намудем. Аммо усули эътидоли ҳаракат аз рӯи каммият, ҳангоми риёзати бадан, на тӯлонии хастакунанда ва на тамоман кӯтоҳ бошад. Аз рӯи сифат он набояд, шадид бошад, зеро гарчанде кутоҳ идома ёбад, ҳам, тӯлонӣ менамояд, инчунин на бояд суст бошад, чун, ки гарчанде тул кашад ҳам,кӯтоҳ менаояд”. Чунин шарҳи масъала барои фаҳмидани моҳияти машқҳо ҷисмонӣ низ хеле муфид мебошад. Ӯ дар бораи миқдори вақт ва замони варзиш низ менависад, ки “….бояд се чиз риоя шавад:

Якуми онро ранг аст, яъне то даме, ки ранг рӯ ба хуб шудан аст, ҳанӯз ҳангоми (варзиш) бошад: дуввум ҳаракатҳост. То даме, ки онҳо сабук намоянд, ҳанӯз ҳангоми варзиш аст; севум ҳолати дамидагии андомҳост, яъне ҳар қадар, ки онҳо дамидан бигиранд, ҳанӯз ҳангоми (варзиш) бошад”. Яъне баъди гарм шудани узвҳо ва шоридани арақ аз андом, ба ақидаи ӯ, бояд варзишгар варзишро хотима дода, саросар ба равған молидани тан оғоз намояд. “Ҳар мондагие, ки сабабаш ҳаракат бошад, баробари зоҳир шудани асари мондагӣ агар тарки (ҳаракат) бошад, карда шавад, падид омадани онро боз хоҳад дошт. Сипас, варзиши бозорандаро ба кор баранд, то ки ҳаракати муътадили моддаҳоро ба суӣ пӯст ронад ва молише, ки андар миёни ҳаракат ҳангоми боз истодан воқеъ гардад, он (моддаҳоро) ба таҳлил харҷ намояд.” Воқеан, бубинем, ки Сино нисбати моҳияти варзиш ба таври умумӣ чӣ ақидаву мулоҳизаҳо дорад: “Варзиш, чуноне, ки гуфтем гармии модарзодиро болиш бидиҳад, пайвандгоҳҳо ва тарҳоро сахт кунад, ба корҳо тавоноӣ бахшад ва аз мутаассир шудан эмин дорад.

Варзиш аз роҳи аз андомҳо берун кардани фазлаҳо, онҳоро барои пазируфтани ғизо омода созад, кувваи кашандаро биҷумбонат, гиреҳзадаҳои андомҳоро бикушояд, рутубатҳоро тунук кунад ва масомҳоро фароҳтар созад. Бисёр бошад, ки касе бо варзиш машғул набуда ба (бемории) диққ гирифтор ояд, зеро қувваҳои андомҳо аз сабаби тарки ҳаракате нотавон бигарданд, ки он ҷалбкунандаи руҳи модарзодӣ ба суи (андомҳост) ва (руҳи модарзодӣ) бошад, ягона афзори зиндагии ҳар як аз андом бувад”.

Ҷолиби диққат он аст, ки Сино дар баёни варзиш вазифаи ин илмро дар такмили руҳу ҷисми инсон ба шакли дигар дар таҳзиб ва боломақомии он мебинад. Бисёр масъалаҳое, ки ӯ барои татбиқу риоя намудани шакл ва усулҳои зиёди аз худ намудан, иҷро кардан ва дуруст истифода намудани машқҳо пешниҳод менамояд то имрӯз аҳмияти худро гум накардаанд. Масалан, варзишгаронро таъкид менамояд, ки “Варзишгар бояд эҳтиёт бикунад, то гармии варзиш ба андоме, ки нотавон аст, нарасад, балки бояд (варзиш) бар сабили татаббӯъ бошад….Бидон, ки ҳар андоме ба худии худ варзиши хосе дорад” Ӯ дар мавриди оғозу анҷоми варзиш ва андозаю тартиби он таъкид менамояд, ки “ҳангоми оғози варзиш тан бояд пок бошад ва андар гӯшаҳои андомҳои даруни ва рагҳо кимусҳои хоми палид набошанд, зеро варзиш боиси паҳн гардидани онҳо андар тан ҳоҳад шуд. Бояд тамоми шаб хурда кам шуда, андар меъда, ҷигар ва рагҳо гуворида ва вақти ғизои дигар хӯрдан расида бошад”. Дар ҳақиқат, варзиши ҷисму руҳи инсон пеш аз ҳама ба покии зоҳирию ботинӣ ниёзманд аст. Тозагии бадани варзишгар аз ҳама суннатҳои варзиши болотар аст. Дар натиҷаи ҳаракатҳои гногун аз организм намак ва дигар элементҳои зиёдати бухор мегардаднд, ки пок накардани онҳо ба табиати варзишгар таъсири манфӣ расонида метавонад. Бисёр бемориҳои пӯст низ аз риоя накардани тозаги сар мезананд, баъзан варзишгарон аз ин мубталои бемориҳои хоришаки гуногуни дасту пой ва сар мегарданд. “Аммо касоне, ки аз сабаби варзиш ба (зичии пӯст) гирифтор шудаанд, нишонаи он на он нишонаҳо бувад ва пӯст чиркин бошад. Илоҷи он, агар фазлҳо ҷой дошта бошанд афшонидани фазлаҳо ва ба кор бурдани (тадбирҳое) аст аз қабили гармоба ва равғанмолӣ, ки таҳлил овардаанд.”

“Баъд, бо шиками пур варзиш кардан беҳтар аз он аст, ки бо шиками холӣ машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш кунанд, бо тани (гарм ва) ё тар тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш кардан беҳтар аз он аст, ки бо тани сард ва хушк машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ кунад. Беҳтарин вақти (варзиш) ҳангоми муътадилист. Бисёр бошад, ки варзиш каси мизоҷаш гарми хушкро ба бемориҳо гирифтор кунад ва чун тарк карда шавад, сиҳату саломат гардад”.1

Умуман, дар ин асар аҳамият ва мақсади асосии варзишро дар муҳофизати саломатии инсон мебинад. Ӯ дар ҷои дигар қайд менамояд, ки “Риёзат ( варзиши бадан) дар ҳифзи саломати амри ҷалил аст”. Зарари ба риёзат кам машғул шуданро аз зарари хӯрдани таом болои таъом бештар медонад. Ӯ қайд менамояд, ки он чи ки, ба воситаи риёзат аз организм хориҷ мешавад фазолате мебошад, ки бутун ба андаруни узвҳо даромада рафтаанд. Воқеъан аксарияти намудҳои варзиш сахт мисли гӯштин, вазнбардорӣ, гурзпартоӣ ва ғ. Талаботи варзишгарро ба истеъмоли хӯрок афзун мегардонад. Дар вақти иҷро намудани варзишҳои алоҳида низ бояд меъдаи варзишгар на пурру на холӣ бошад. Хосияти пури барзиёдаш шахсро гирифтори бемориҳои дарунӣ созад. Бо меъдаи холи тарбияи ҷимонӣ ва варзиш кардан низ зиёни калон дошта қуввати инсонро ба ҳалокат мерасонад. Сино дар ин боб менависад, ки “Ҳар кас, ки машғулиятҳои варзиши кардан бихоҳад, бояд нахуст фазлаҳоро аз рудаҳо ва обгаҳ берун андозад ва сипас ба варзиш бипардозад. Нахуст барои омода гардидан (андомҳоро) тавре молиш бидиҳад, ки ғариза бедор шуда масомҳо фароҳ бигарданд ва молишро бояд бо чизи дурушт анҷом дод…Сипас ин корро ба охир расонанд ва каси молишхурда ба варзиш оғоз намояд”.

Дар ин ҷо бештар масъалаи омода намудани варзишгарро ба варзиш арзёбӣ намуда, гарм намудани андомҳоро ба воситаи ҳаракат ва молиш пеш аз сар кардани варзиш таъкид менамояд. Фаҳмишу дониши ин табиби оламшумул оид ба андозаю тартиби варзиш то имрӯз қариб, ки бетағир мондааст. Шояд то замони Сино чунин фаҳмишу муносибат дар олами варзиш арзи вуҷуд доштанд, аммо касе аз олимону мутафаккирон онҳоро ба доираи илмӣ доҳил накардаанд. “Қонуни тиб” на танҳо китоби рӯӣмизи табибону файласуфон, балки ганҷинаи пурасрорест, ки то имрӯз сарчашмаи асосии таълиму тарбияи инсони комил ба шумор меравад.

Сино хусусиятҳои хоси варзиш, мақому аҳмияти онро дар системаи илмҳо нишон дода, дар баёни молиш (массаж), гармоба, дар бораи хастагиҳое, ки баъди машғулиятҳои варзишӣ падид меоянд, дар бораи ҳолати варзишӣ таҳлилҳои илман хеле асоснокро пешниҳод менамояд. Масалан, қайд менамояд, ки “Варзишгарон то пурра истироҳат накунанд, ба гармбода набояд шитобанд”. Ё ин ки агар варзишгар вазнашро сабук кардани шавад “бояд бо шиками гурусна гармоба кунад ва андар он бисёр бимонад”.

Дар ҷои дигар таъкид менамояд, ки “Ҳар, ки фақат нигоҳ доштани тандурустӣ бихоҳад бояд пас аз гуворидани он чӣ, ки андар меъда ва ҷигар аст, ба гармоба бидарояд”.

Дар баёни истифодаи об баъди варзиш Сино таъкид менамояд, ки варзишгарон оби хунукро барои қавӣ гардонидани пӯст ва нигоҳ доштани гармӣ аз паси оби гарм бояд ба кор баранд. Об бояд сард набошад, балки миёна бошад.

Сино машқҳои ҷисмониро асоси мустаҳкамшавии бадан, бофтаҳо ва асабҳои инсон шуморида, сабаби иҷро намудани корҳои вазнини ҷисмонӣ ва аз бемориҳои гуногун эмин доштани танро дар он мебинад. Ҳатто барои иҷро намудани машқҳои варзишӣ пешниҳод менамоянд, ки синну сол ва ҳолати саломатиро ба ҳисоб гирифтан лозим аст. Ба варзишгарону паҳлавонон ва ҷавонмардонро ба хубӣ дарк намуда, ба онҳо на танҳо чун табиб, балки чун мураббии кордон муносибат намудааст. Муҳиммияти масъала дар он аст, ки дар китоби “Қонуни тиб” қариб ҳамаи ҷабҳаҳои варзиш мавриди тадқиқ қарор ёфтаанд. Хусусан масъалаи қавӣ гардонидани андомҳои нотавон, фарбеҳ намудан ва бузург сохтани ҳаҷми онҳо ба воситаи машқҳои варзишӣ ва дигар усулҳои тибби варзиш. Дар қатори ин зарарнокии машқҳои варзиширо низ қайд намудааст, яъне ҳангоме ки узвҳои шахе носолим бошанд, бояд аз машқҳо худдорӣ намояд.

Ҳатто вобастагии машқҳои ҷисмониро ба фаслҳои сол муйаян намуда, тобистон дар қисми аввали рӯз, зимистон дар нимаи дуввуми рӯз варзиш карданро пешниҳод менамояд.

Ӯ навъҳои варзишро гуруҳбандӣ намуда, аксарияти бозиҳои варзишии ниёгонамонро аз рӯи шаклу намуд ва ҳолатҳои иҷро намуданашон шаҳру баён додааст, ки қисми зиёди онҳо то ҳол аҳмияти худро гум накардаанд. Ӯ варзишҳои суннатиро бо навъҳои гуногун ҷудо менамояд: гӯштӣ, ба якдигар ҳамла кардан, муштзанӣ, дам фуру бастан, тез роҳ рафтан, тирандозӣ аз камон, ҷаҳидан ба боло, худро ба чизе овезон кардан, якҷоя роҳ рафтан, шамшербозӣ, найзабозӣ, аспсавори, дастҷумбони, яъне шахе бар сари панҷаи пой истода дастҳояшро ба пеш ва ба пас бо суръати ҳаракат диҳад. Инҳо аз ҷумлаи варзишҳои тез будаанд. Ин донишманди бузурги соҳаи фалсафаи тиббӣ варзиш дар бораи навъҳои варзиши сахт, қавӣ, оҳиста, суст, мураккаб ва варзишҳои латифи нарм дар “Ал-қонун” ахбороти саҳеҳ дода қариб аксарияти онҳоро шарҳ додааст.

Бояд гуфт, ки таълимоти Абӯалӣ Ибнӣ Сино дар бораи тибби варзиш характери муолиҷавӣ ва пешгири намудани бемориҳо дошта ҳамчун як қисми асрсии низоми ягонаи тарбияи ҷисмонӣ ба шумор меравад. Андешаҳои Сино, таълтмоти тиббии ӯ дар тиббӣ варзиши имрӯза масъалаҳоеро баррасӣ менамояд, ки фалсафаи онҳо ба чунин равияҳои амалӣ ва омӯзишӣ далолат менамояд:

– назорати доимии саломатии шахсоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд;

– диагностика, муолиҷа ва хабардор намудани зарбахӯрӣ ва бемориҳои варзишгарон;

– муайян ва омода намудани шароити гигиении тарбияи ҷисмонӣ, бартараф намудани таъсири номуносиб дар раванди иҷрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

– ҳалли масъалаҳи ғизо ва ғизонокии варзишгарон ва ҳолату тарзи истифодаи онҳо;

– барқарор намудани қобилияти варзишгароне, ки ҷароҳат ва беморӣ бардоштаанд;

– баланд бардоштани ҳиссиёт, тафаккур ва иродаи варзишгарон, омода намудани онҳо ба натиҷаҳои баланди варзишӣ.

Албатта амали гардидани ҳамаи ин пеш аз ҳама ба тарбия ва муҳити иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Ба ақидаи мо, варзишгар талаботи худро бошуурона идора намуда, дар рафти он на танҳо шароити беруна, инчунин қоидаҳои ахлоқиро низ бояд ба назар гирад. Аз ин рӯ варзишгари асил на онест, ки дар қонеъ намудани талаботи хеш худсарона, боғурур рафтор мекунад, балки талаботашро бошуурона қонеъ менамояд. Инчунин талаботи шахсони дигар ва манфиятҳои ҷомеаро ҳам бояд эътибор гирад. Ба ғайр аз талаботҳои моддӣ варзишгар бояд талаботҳои маънавии худро низ инкишоф диҳад. Чун, ки талаботи маънавӣ бештар бо маърифат, муносибат, муошират ва дигар сифатҳо ифода мегардад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Абӯалӣ Ибнӣ Сино донишҳои ҳиссиву ақлиро аз ҳамдигар ҷудо намуда, хосиятҳои ҷисмониро мавзуӣ ҳис ва маънавиро мавзуъи ақл донистаат. Ӯ муътақид аст, ки ҷавҳари ақл, ҷисм ва ҷисмонӣ набуда, балки муҷаррад аст.

Бинобар ин Сино ақлро аз ҷисм фарқ намуда, онро вазифаи қувваи фавқуттабиа шуморидааст, ки дар ин бора чунин гуфтааст: “Феъли ақлӣ на ба олатест ҷисмонӣ” Ё “Феъли қуввати ақлӣ ба олати ҷисмонӣ набувад”.

Ҳамин тариқ, Сино донишҳои ақлиро аз ҳиссӣ пеш аз ҳама аз рӯи воситаҳои тасвир фарқ кардааст. Ба ақидаи ӯ дар ҳис ҳасосии тағирпазири ашиёю ҳодисаҳо ва дар ақл тарафҳои душвору моҳияти онҳо акс меёбад. Дониши ҳисси натиҷаи таъсири олами беруна аст. Вале дониши ақлӣ баръакс аст. Вай ба ҳастии ашёи ҷузъӣ муҳтоҷ нест ва ашёро бе ин ҳам тасвир мекунад.

Ба ақидаи Сино, шахсоне, ки ҳақиқату моҳияти дунёро маърифат мекунад, покдил, шуҷоъ ва боғайратанд. Онҳоро бояд одамони ориф ва донишманд номид. Воқеъан, акарияти варзишгарон, хусусан паҳлавонон, мардуми оддӣ, софдил, қобилиятнок ва боғайрате мебошанд, ки то имрӯз фалсафаи варзишу тиббии онҳо ба таври пурра омӯхта нашудааст. Бояд гуфт, ки таълимоти тиббию варзишии Абӯалӣ Ибни Сино барои омӯзишу таҳқиқи ин масъала заминаи хуби илмӣ шуда метавонад.

Каримова Дилором Ҷумаевна,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти

кафедраи назария ва методикаи тарбияи ҷисмонии

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *