
Соли 2026 барои сокинони Тоҷикистон соли таърихӣ маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади натиҷагириву арҷгузорӣ аз дастовардҳои 35 соли сипаришудаи солҳои соҳибистиқлолӣ ва боз ҳам бештар намудани ин пешравиву комёбиҳо тасмим гузоштанд, ки соли равон дар Тоҷикистон ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил карда шавад.
Агар ба рӯйдоду навгониҳои солҳои соҳибистиқлолӣ назар афканем, дар баробари дигар соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба варзиш ҳамчун як бахши муҳими афзалиятноки ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, самти варзиш дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Аз ин рӯ, дар қатори дигар соҳаву бахшҳо барои аҳли варзиши кишвар 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ аҳамияти хоса дорад. Тӯли ин солҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба равнақу инкишофи тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ба ин васила ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш нақшаву барномаҳои зиёдеро таҳияву амалӣ намуд, ки имрӯзҳо шоҳиди бевоситаи дастоварду рӯйдодҳои зиёди соҳаи варзиш гашта истодаем.
Дар баробари таваҷҷуҳ ба риштаҳои мухталифи варзиш рушду нумӯи футбол дар Тоҷикистон, яке аз самтҳои муҳими сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Имрӯзҳо, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол қарор дорем, на танҳо барои кормандони соҳаи варзишу мо- омӯзгорону мураббиёни соҳа, балки барои тамоми сокинони кишварамон мояи ифтихору фараҳмандист, ки санаи 25 май маҳз бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид ва аллакай ду сол инҷониб ин санаро таҷлил менамоем. Баробари ба тавсиб расидани Қатънома дар бораи эълони “25 май- Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар ҷумҳурӣ тантанаҳои бошукӯҳ ба ифтихори ин сана бо ифодаи истиқбол аз ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гаштанд. Соли сипаришуда ҳамагон шоҳиди чорабиниҳои зиёд ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии футбол гардидем ва имрӯзҳо дар муассисаву идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ, бахусус аҳли варзиш ба ин муносибат чорабиниҳои зиёдро доир намуда истодаанд.
Тавре маълум аст, варзиш ҳамчун намуди рақами як дар варзиш эътироф гашта, аз маъмултарин ва маъруфтарин намуди варзиш маҳсуб меёбад.
Тавре мегӯянд, “Варзиш сарҳад надорад”, дар ии доира футбол як василаи муҳими ба ҳамории кишварҳои гуногуни ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Хусусияти хоси бозии футбол аз он иборат аст, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон футбол лӯстдорону ҳаводорони зиёд дорад. Вақте мусобиқаҳои бонуфузи футбол доир мегарданд, бахусус зимни доир гардидани Чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол шоҳиди тантанаҳои бошукӯҳи идона мегардем. Ҳар як пирӯзиву ғалаба дар майдони футбол мухлисону ҳаводоронро рӯҳу илҳом мебахшад, тимҳои иштирокчии мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ талош меварзанд, то нуфузу шарафи давлати худро боло бардоранд. Ҳамин хусусияти бозии маъмули футбол варзишгарону сокинони кишварҳои гуногуни оламро ба ҳам меорад.
Ба таҳлили олимону мутахассисони соҳа “Футбол як қисми фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳисси ватандӯстию ифтихори миллии шаҳрвандонро тақвият мебахшад”.
Агар моҳияти бозии футболро ба таври содда шарҳ диҳем, футбол ба бештари шаҳрвандон дастрас аст. Шурӯъ аз майдонҳои мактабҳову дар маҳалҳои зист сокинон, бахусус наврасону ҷавонон бештар ба бозии футбол майлу рағбат доранд. Наврасон ва ҳатто хурдсолон ҳаракат меварзанд, то дар вақтҳои мувофиқу холигӣ ба футбол машғул гарданд. Тавре зикр шуд, бозии футболро аксари шаҳрвандон дӯст медоранд.
Далелу рақамҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ бахусус тайи даҳ соли охир бо мақсади рушди ин намуди маъмули варзиш тадбирҳои зиёд амалӣ гардиданд. Дар аксари маркази шаҳру ноҳияҳо майдонҳои бузурги футбол бо тамоми шароитҳои зарурӣ бунёд гаштанд.
Қабул гардидани чандин нақшаву барномаҳои футбол имкон фароҳам оварданд, ки мақоми футбол дар кишвар боло гардад. Барои рушди футбол миёни наврасону ҷавонон чанд сол аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон фестивалҳои футбол ва чорабиниҳои зиёди дигарро доир намуда истодааст.
Дар мисоли шаҳри Душанбе бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳои шаҳр яке аз ҳадафҳои асосиаш ҷалби сокинон ба футбол мебошад. Тайи солҳои охир баргузории мусобиқаҳои футболи хурд дар идораву муассисаҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар шаҳру ноҳияҳо ҳамасола барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳия(шаҳр, вилоят) мусобиқаҳои футболи хурд байни кормандони муассисаву корхонаҳо доир карда мешаванд, ки ҳадафашон барои рушди футбол ва оммавияти варзиш нигаронида шудаанд.
Дар ин баробар, солҳои охир аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушди футболи маҳаллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, тавре зикр шуд, дар сатҳи тамоми минтақаҳо, шурӯъ аз деҳот имрӯз ба рушди футбол диққати махсус дода мешавад.
Тавре дар ибтидо зикр гардид, соҳаи варзиш таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо дастури Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, вақте варзишгарон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ дастовардҳои намоёнро ноил мегарданд, бо имтиёзу ҳавасмандиҳои зиёд фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла, ҳар як муваффақияти варзишгарон- дастаҳои футболи Тоҷикистон, аз ҷумла тими миллии футболи Тоҷикистон пайваста мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор мегиранд. Аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастае, ки ба футбол зоҳир мегардад, ҳамагон шоҳиди муваффақиятҳои баланди тими футболи Тоҷикистон гардидем, ки ба мусобиқаҳои бонуфузи футбол на танҳо роҳ ёфт, балки то ба давраҳои ниҳоӣ муваффақ гаштанд.
Воқеан, барои мо- устодону мураббиёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мояи ифтихор аст, ки саҳми Донишкада дар омодасозии варзишгарони касбӣ калон буда, аз ҷумла бисёр футболбозони маъруфи кишвар собиқ дастпарварони ин боргоҳ мебошанд. Ҳамасола аз рӯи ихтисоси футбол хатмкунандагони Донишкада ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сафарбар мегарданд ва нозукиҳои ин риштаро ба шогирдон меомӯзанд.
Имсол санаи 25 май- Рӯзи ҷаҳонии футбол ба соли таҷлили ҷашни бузурги умумимиллӣ 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Дар ин баробар, 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Ҷашни футбол ва ҷашни ҷавонон бо ҳам робитаи қавӣ доранд, зеро дӯстдорони футбол асосан ҷавонанду дар майдонҳои футболи касбӣ низ асосан ҷавонон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар хулосаи андешаҳои боло, чун омӯзгори муассисаи олии равияи варзиш албатта хоҳишу таманнои мо ба ҷавонону наврасони кишвар он аст, ки ба варзиш, ба футбол бештар рӯ оранд. Баҳри солимии худ ва тарзи ҳаёти солим бештар талош карданд. Варзиш василаи асосии қавидаруҳиву болидагиву дар ин замина омили муваффақияту пешрафти ҳар нафар аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёму суханрониҳои худ бо муроҷиат ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд. Муаррифии Тоҷикистони дар арсаи байналмилалӣ рисолати насли ҷавон аст, дар ин роҳ тавассути варзиш боло бардоштани шарафу эътибори Ватанамон барои ҷавонон, албатта амалу роҳи пурифтихору муқаддас аст.
Шерзод НУРМАТОВ, устоди кафедраи
назария ва методикаи бозиҳои варзишии
ДТҶТ ба номи С.Раҳимов. Устоди варзиши
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ