Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷи­кис­тон ба номи С. Раҳимов  15 марти 1971 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо донишкада 2 факулта (омӯзгорӣ ва варзиш) ва 10 кафедра дошт, ки дар онҳо 620 донишҷӯ таҳсил мекарданд. Ба ғайр аз кафедраҳои ҷомеашиносӣ ва пизишкиву биологӣ, кафедраҳои варзиш низ дошт: варзиши сабук, бозиҳои варзишӣ, гимнастика, назария ва методикаи тарбияи ҷис­монӣ ва ғайра. Дастпарварони аввалини он донишкадаро соли 1975 хатм кардаанд. Он вақт дар донишкада шуъбаи ғоибона низ вуҷуд дошт. Солҳои 80 садаи XX дар донишкада кафедраҳои нав таъсис ёфтанд: тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, физиология, варзишӣ ва муолиҷавӣ, кафедраи ташкил, идора ва таърихи тарбияи ҷисмонӣ, кафедраи навъҳои техникии варзиш. Соли 1984 факултаи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва таълими тарбияи ҷисмонӣ ташкил шуд. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаҳои таълимӣ, барнома ва нақшаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи варзишро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Санадҳои қабулгардида самту вазифаҳои муассисаро дар тамоми самтҳо – таълим, тарбия, илм, варзиш ва иқтисод ва хоҷагидорӣ муайян намуда, дар ин замина тадбирҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд. Ҳадафи асосии раёсати Донишкада баланд бардоштани сатҳи касбияти варзишгарон ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов фаъолияти худро тибқи талаботи “Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”  ба роҳ монда, ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати таълим мунтазам чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов фаъолияташро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, дар ин замина бо қарорҳои Шӯрои олимони Донишкада нақшаву барномаҳои кориро қабул ва дар ин давра мавриди иҷро қарор дод. Санадҳои қабулгардида самту вазифаҳои муассисаро дар тамоми бахшҳо – таълиму тарбия ва илму варзиш муайян намуда, дар ин давра тадбирҳои зерин роҳандозӣ гаштанд, ки метавон дар чанд бахш таҳлил намуд. Ба ҳолати 25 июни соли 2025 дар Донишкада 408 нафар кормандону омӯзгорон (298 нафар кормандони асосӣ, 36 нафар ҳамкорони берунаи кафедраҳо) кору фаъолият менамоянд. Аз 298 нафар кормандони асосӣ 47 нафарро занҳо ва 216 нафарро мардҳо ташкил медиҳанд. Дар Донишкада  шумораи занони роҳбар 5 нафар мебошад. Ҳамчунин, аз 298 нафар кормандони асосӣ 74 нафарро кормандони техникӣ (48 нафар занон) ва ёрирасон  ташкил медиҳанд, 408 нафар кормандон (36 нафар ҳамкори беруна ва 298 нафар корманди асосӣ) Инчунин, аз шумораи 334 нафар кормандон 4 нафар доктори илм 18  нафар номзади илм кору фаъолият менамоянд. Дар 11 кафедраи варзишӣ (тахасусӣ) айни ҳол аз рӯи 37 ихтисос донишҷӯён машқу тамрин намуда  аз рӯи  ихтисос таълим мегиранд. Дар кафедраҳои мазкур  79 нафар устодони унвонҳои варзишидошта кору фаъолият менамоянд, ки  аз ин шумора 2 нафар чемпиони ҷаҳон оид ба самбо дорои унвони  Устоди шоистаи  дараҷаи байналмилалӣ 2 нафар дорои унвони  Устоди шоистаи варзиши  дараҷаи байналмилалӣ, чемпиони бозиҳои олимпӣ ва чоизадори бозиҳои олимпӣ 1 нафар довари дарҷаи байналмилалӣ оид ба самбо ва гӯштингирӣ, 25 нафар устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31 нафар Номзад ба устоди варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошанд. Ҳамзамон, аз ҳисоби донишҷӯён  дорои унвонҳои  устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ  15 нафар, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 58 нафар, номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 146 нафар ва 4 нафар Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳсил менамоянд, ки дар маҷмӯъ 223  нафар донишҷӯёни унвони варзиши дошта мебошад. Аз шумораи 223 нафар донишҷӯёни унвони варзишидошта соли 2025 4 нафар устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 10 нафар устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкадаро хатм карданд.  Ҳадафи асосии қисми тарбиявӣ ин дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, хештаншиносӣ, меҳандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, рафтору гуфтору пиндори нек ва дастгири намудани донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Дар ин самт фаъолияти қисми тарбия ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сектори тарбия, кор бо ҷавонон, шӯрои занон ва кумитаи иттифоқи касаба дар баланд бардоштани сатҳи фарҳангии донишҷӯён нақши созгор мебозад. Сохторҳои мазкур мутобиқи нақшаҳои корӣ, нақшаи чорабиниҳо, амру супоришҳои раёсат ва қарорҳои Шӯрои олимон чорабиниҳои  гуногуни мутобиқ бо сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукматро, ки дар ҳаёти донишҷӯён нақши муҳимро мебозад, баргузор менамояд. Самти робитаҳои байналмиллалии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов яке аз самтҳои афзалиятнок буда, дар баланд бардоштани малакаи касбӣ ва фароҳам овардани заминаи модию техникии донишкада саҳми назаррас дорад. Бахши занони Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ бо тамоми қисмҳои тарбиявии донишкада, аз ҷумла бо садорати факултетҳо, кафедраҳо созмони ҷавонон, иттифоқи касабаи Донишкада ҳамкории зич дорад ва вазифаҳоро ҷиҳати расонидани кумакҳои иттилооти машваратӣ ба бонувон ва донишҷӯдухтарон ба анҷом мерасонад. Масоҳати умумии донишкада 36 га буда, он дорои 1 майдончаи варзишӣ, 2 майдони калони футбол, 3 майдончаи волейболбозӣ ва баскетболбозӣ, 2 майдони варзиши сабук, 5 толори варзиш, 1 шаҳраки ҳарбӣ, хобгоҳ барои 600 донишҷӯ, 3 ошхона, китобхона (дорои 140000 китоби ба­деӣ ва таълимӣ) мебошад. Ректорони донишкада