Дар ҷаҳони муосир варзиш ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, густариши фарҳанги сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва муаррифии давлатҳо табдил ёфтааст. Махсусан, футбол имрӯз на танҳо як навъи маъмулии варзиш, балки падидаи бузурги иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дипломатии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки тавассути он халқҳо ба ҳам наздик гардида, арзишҳои башардӯстона таҳким меёбанд.

Футбол варзише мебошад, ки на танҳо мушак, балки рӯҳ, ирода, тафаккур ва ахлоқи инсонро тарбия мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат онро метавон фалсафаи зиндагӣ номид. Зеро дар ҳар бозии футбол зиндагӣ таҷассум меёбад, мубориза, умед, шикаст, пирӯзӣ, сабр, садоқат ва эҳёи дубора медиҳад.

Моҳияти футбол дар задани гол маҳдуд намешавад. Дар асл футбол инсонро меомӯзонад, ки барои орзу мубориза барад, барои шараф биҷангад ва барои даста қурбонӣ кунад.

Футбол фалсафаи ягонагӣ аст. Дар майдон шахсиятҳо ба як нерӯи муттаҳид табдил меёбанд. Агар як нафар танҳо барои худ бозӣ кунад, даста мағлуб мешавад, аммо вақте ҳама барои як ҳадаф мубориза мебаранд, пирӯзӣ ба даст меояд. Ин маънии аслии ваҳдат аст.

Аз ҳамин ҷиҳат футболро метавон оинаи ҷомеа номид. Зеро ҷомеае, ки дар он ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва масъулият вуҷуд дорад, пеш меравад. Дастае низ, ки интизом, бовар ва садоқат дорад, муваффақ мегардад.

Футбол инсонро ҷасур мекунад. Ӯ мефаҳмонад, ки шикаст анҷоми роҳ нест. Бузургтарин футболбозони ҷаҳон низ борҳо шикаст хӯрдаанд, вале дубора бархостаанд. Аз ҳамин рӯ футбол дар ҷавонӣ рӯҳи мубориза ва иродаи қавӣ ба вуҷуд меорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ эътироф гардидааст. Дар баробари ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар самти обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор, Тоҷикистон имрӯз дар соҳаи варзиш низ мавқеи шоиста касб намуда истодааст.

Боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул намуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ бори дигар собит сохт, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пуштибонӣ ва эътибори баланд бархӯрдор мебошанд.

Қабули Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид на танҳо дастоварди муҳими соҳаи варзиш, балки пирӯзии дипломатияи тоҷик ва нишонаи эътирофи сиёсати сулҳҷӯёна, башардӯстона ва созандаи Тоҷикистон мебошад. Ин ташаббус дар замоне пешниҳод гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба таҳкими сулҳ, таҳаммулгароӣ, дӯстии халқҳо ва муттаҳидсозии ҷомеаи башарӣ ниёз дорад.

Дар воқеъ, футбол имрӯз ба яке аз омили муҳими “дипломатияи нарм” табдил ёфтааст. Давлатҳо тавассути варзиш фарҳангу тамаддун, имконият ва иқтидори инсонии худро муаррифӣ менамоянд. Маҳз ба ҳамин хотир, иқдоми Тоҷикистон оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол на танҳо ташаббуси варзишӣ, балки пешниҳоди муҳими фарҳангиву башардӯстона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон ва варзиш неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа, омили таҳкими давлатдорӣ ва муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Маҳз дар заминаи ҳамин сиёсати дурбинона имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду оммавигардонии варзиш, бахусус футбол, тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Имрӯзҳо дар партави сиёсати оқилона ва варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳову дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушду нумӯи футбол дар мамлакат заминаҳои воқеан мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 129 варзишгоҳи бузург, ки мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ва таҷдид гардидаанд, 7861 майдончаҳои варзишӣ ва 135 мактабҳои варзишӣ ва махсуси футбол фаъолият менамоянд. Ин инфрасохтори пуриқтидор барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди футболи оммавӣ ва омода намудани варзишгарони касбӣ шароити мусоид муҳайё намудааст.

Ҳамзамон, сиёсати варзишпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат дар баробари рушди инфрасохтори соҳа барои ба даст овардани натиҷаҳои назарраси варзишӣ низ заминаи воқеӣ фароҳам овардааст.

Имрӯз дастовардҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми кишвар гардидаанд. Аз ҷумла, тими миллии то 16 – солаи Тоҷикистон ду сол пайиҳам ғолиби КАФА ва тими миллии то 23 – солаи Тоҷикистон ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ гардида, маҳорати баланд ва рақобатпазирии футболбозони тоҷикро дар сатҳи минтақа ба таври шоиста муаррифӣ намуд. Ҳамчунин, роҳхат ба даст овардани тими миллии то 17 -солаи Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар футболи миллӣ ба ҳисоб рафта, аз рушди босубот ва дурнамои умедбахши ин соҳа дарак медиҳад.

Ин дастовардҳо самараи мустақими сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва варзиш буда, ҳамзамон натиҷаи дастгириҳои доимии Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти рушди футбол ба ҳисоб мераванд.

Маҳз тавассути чунин ғамхориҳо имрӯз ҷавонони тоҷик имконият пайдо намудаанд, ки дар шароити ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба машқу тамрин фаро гирифта шуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парафшон намоянд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи футбол ва фароҳам овардани заминаҳои устувор барои оммавигардонии он “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026” қабул гардидааст, ки барои татбиқи он беш аз 89 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин тадбирҳо бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди соҳаи футбол шаҳодат медиҳанд.

Дар доираи татбиқи Барномаи мазкур садҳо мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ баргузор гардида, ҳазорон наврасу ҷавон ба машқу тамринҳои мунтазам ҷалб карда шудаанд. Футбол имрӯз дар Тоҷикистон тадриҷан ба мактаби бузурги тарбияи ҷисмонӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии ҷавонон мубаддал гардидааст.

Дар сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш футбол на танҳо ҳамчун воситаи омодасозии варзишгарони касбӣ, балки ҳамчун омили муҳими пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш барои пешгирии ифротгароӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидати амиқ менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки имрӯз рушди футболи бонувон низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор дошта, барои ҷалби бештари духтарону бонувон ба варзиш тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Ин омил барои баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии занону духтарон ва таҳкими баробарии имкониятҳо аҳамияти калон дорад.

Дар баробари рушди оммавии футбол, иштироки фаъоли дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ба даст овардани дастовардҳои назаррас барои боло бурдани нуфуз ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати муассир менамояд.

Бешубҳа, эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ин дастоварди таърихӣ бори дигар собит месозад, ки сиёсати созанда ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста касб намудааст.

Имрӯз Тоҷикистон на танҳо иштирокчии фаъоли равандҳои ҷаҳонӣ, балки ташаббускори масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ мебошад. Қабули Рӯзи ҷаҳонии футбол идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва боз як пирӯзии дипломатияи муваффақи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати варзишпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат, рушди инфрасохтори соҳа, оммавигардонии футбол ва таҳкими ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамояд.

Зеро имрӯз футбол барои Тоҷикистон танҳо як намуди варзиш нест, балки забони дӯстии халқҳо, воситаи таҳкими сулҳу ваҳдат, мактаби тарбияи ҷавонони солим ва омили муҳими боло бурдани нуфузу эътибори байналмилалии давлат мебошад.

Эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид далели равшани он аст, ки ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз эътимод ва пуштибонии васеъ бархӯрдор буда, сиёсати сулҳпарварона ва инсонмеҳваронаи кишвари моро боз ҳам муаррифӣ менамоянд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ғамхориҳо, дастгириҳо ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои созандаву ташаббусҳои байналмилалии Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди футбол ва соҳаи варзиш изҳори сипосу миннатдории самимӣ менамояд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки сиёсати варзишпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои рушди инфрасохтори соҳа, оммавигардонии футбол, тарбияи варзишгарони соҳибмаҳорат ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистони азиз заминаи боз ҳам устувор фароҳам хоҳад овард.

Мо ифтихор дорем, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷавонпарвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста дошта, футбол низ ба яке аз воситаҳои муҳими муаррифии давлат ва таҳкими обрӯи байналмилалии он табдил ёфтааст.

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва

варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *