Имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Рушди малакаҳои касбии омӯзгорон» баргузор шуд. Семинар дар доираи татбиқи Нақшаи амали Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот то соли 2044 роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи касбият ва такмили сифати раванди таълим мебошад.

Дар сухани ифтитоҳӣ таъкид шуд, ки нақши омӯзгор дар омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар шароити муосир боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, рушди малакаҳои касбӣ ва аз худ намудани усулҳои муосири таълим вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор аст.

Семинари мазкур бо ҷалби намояндагони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла устодони варзида Комилов Субҳон Саидович ва Розиқов Бедил, инчунин бо иштироки зиёда аз 100 нафар устодону омӯзгорони Донишкада дар сатҳи баланди ташкиливу методӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳими марбут ба баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, татбиқи усулҳои муосири таълим, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии раванди таълим ва такмили механизмҳои арзёбии сифати таҳсилот мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Баромадкунандагон бо пешниҳоди маводи илмӣ-амалӣ, таҷрибаи пешқадам ва усулҳои интерактивӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуда, фазои мусоиди омӯзишӣ ва мубодилаи таҷрибаро фароҳам оварданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи семинар машғулиятҳои амалӣ, мубоҳисаҳои гурӯҳӣ ва саволу ҷавоб низ баргузор гардида, иштирокчиён имкони васеъ барои такмили донишу малакаҳои касбии худ пайдо намуданд.

Семинари мазкур дар сатҳи баланд баргузор шуда, иштироки фаъоли омӯзгорон, мубодилаи таҷрибаи судманд ва муҳити кории созанда таъмин карда гардида, барои иштирокчиён шароити мусоид ҷиҳати ибрози андеша, пешниҳоди таклифҳо ва баррасии масъалаҳои мубрами соҳа фароҳам оварда шуд.

Сатҳи баргузории семинар хеле хуб арзёбӣ гардида, бо итминон метавонем гӯем, ки дар баланд бардоштани малакаҳои касбии омӯзгорон, такмили усулҳои таълим ва беҳтар намудани сифати раванди таълим саҳми назаррас гузошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *