Субҳи 30 -юми майи соли 2026 дар майдони бозиҳои варзишӣ машқи умумии пагоҳирӯзӣ бо ҳузури роҳбарияти Донишкада, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Ин ташаббус дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ташвиқи фаъолияти варзишӣ миёни ҷомеа, махсусан ҷавонон роҳандозӣ гардида истодааст.

Машқи субҳгоҳии гурӯҳӣ на танҳо ҳамчун як амал барои қавӣ нигоҳ доштани бадан хидмат мекунад, балки воситаи муҳими таҳкими муҳити ҳамкорӣ, дӯстӣ ва тафоҳум миёни донишҷӯёну устодон ба шумор меравад. Варзиш на танҳо ҷисмро нерӯманд мекунад, балки ирода, интизом ва масъулияти шахсро низ тақвият мебахшад.

Маркази таҳлил ва иттилооти

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии

Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *